БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

18 январи соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Қ., менеҷери лоиҳа - Сафаров Д. бо намояндагони сафоратхонаи Кореяи Ҷануби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боздиди шарту шароит ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Ҳадаф аз ташриф меҳмонон ба марказ шиносоӣ бо он ва сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин омӯзиши забони кореягӣ дар доираи ҳар як касб пешбинӣ шудааст, ки имконияти хубро ба шаҳрвандони ҷумҳуриамон барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳояшон медиҳад.
Дар фарҷоми ташриф намояндагони сафорат қаноатмандии хешро марказ, ки дорои шароитҳои мусоид барои соҳибкасб шудан имконияти хуб медиҳад изҳор намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни ду давлатро таманниёт намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд