Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

НБО «НОРАК»

                                                                                   
ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМ АЗ НБО «НОРАК» ДИДАН КАРДАНД
28.05.2026 — Иштирокчиёни Форуми байналмилалии малакаҳо «Тоҷикистон-2026» бо яке аз бузургтарин иншооти энергетикии Осиёи Марказӣ — Нерӯгоҳи барқи обии Норак шинос шуданд.
Ҷавонон — иштирокчиёни озмун аз рӯи касбҳои «Барқчӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» — зимни боздид аз НБО "Норак" шоҳиди он гаштанд, ки чӣ гуна малакаҳои касбӣ дар шароити воқеии истеҳсолот татбиқ мешаванд.
Меҳмононро бо нону намак, рақсу суруди миллӣ истиқбол гирифтанд. Роҳбарияти нерӯгоҳ аз таърихи бунёди НБО, аҳамияти стратегии он барои иқтисоди кишвар ва раванди навсозии таҷҳизот нақл карданд. Ҷавонон махсусан бо андозаи иншооти гидротехникӣ ва кори толори марказии мошинҳо шинос шуданд.
Мутахассисони НБО таъкид карданд, ки барои идора ва нигоҳдории чунин иншоот мутахассисони соҳибмалака заруранд. Имрӯз ба барқчиён, кафшергарон ва васлгарон талабот дар бозори меҳнат хеле баланд аст. Маҳз барои тайёр кардани чунин кадрҳо Форум «Тоҷикистон-2026» ва Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва микониятҳои бокортаъминшавӣ» амал мекунанд.
Иштирокчиёни форум аз манзараҳои зебои диёрамон ва худи НБО "Норак" ба ваҷд омада аз он ҷумла қайд кард: «Ман борри аввал ба Тоҷикистон омадам ва аз табиати беҳамтои он мафтун шудам. Водиҳои сабз, осмони соф ва кӯҳҳои осмонбӯс - ин ҳама зебоиро бо ҳеҷ чиз муқоиса кардан номумкин аст". "Норак танҳо нерӯгоҳ нест. Ин мактаби воқеӣ барои барқчиён ва муҳандисон аст. Дидани ин ҳама аз наздик ба мо имкон дод, ки арзиши касби худро бештар дарк кунем».
Форуми мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид