Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Вохӯрии вазир бо Намояндаи доимии Бонки Осиёи Рушд

03 марти соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ко Сакомото вохӯрданд. Дар вохӯрии мазкур дар баробари намояндагон аз Бонки Осиёии Рушд инчунин менеҷери Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” – Сафаров Далер ва дигар мутахассисони Лоиҳа ҳузур доштанд. Инчунин ба таври маҷозӣ аз сардафтари кории Бонки Осиёии Рушд дар Филипин сармутахассисон – Шин Лонг ва Маделин Дизон пайваст буданд.
Ҳадафи ташрифи ҷаноби Сакомото шиносоӣ бо вазир, тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии рафти татбиқи Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" мебошад. Зимни вохӯрӣ ҷаноби Сакомото қаноатмандии хешро аз рафти татбиқи Лоиҳа изҳор намуда, ба вазир дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо боварии хешро дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи изҳор намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид