БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО

5 марти соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамроҳи менеҷери Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" - Сафаров Далер ва раиси ноҳияи Данғара - Сиҷоуддин Саломзода ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Ҳадаф аз ташрифи вазир ин боздид аз шароити фароҳамгардида дар марказ ва рафти курсҳои касбомӯзӣ мебошад.
Диққати махсуси вазирро устохонаи "Коркарди меваю сабзавот" ҷалб намуд. Дар устохонаи мазкур тамоми шароит барои омодаи афшӯраи меваҳо, коркарди сабзавот, консерватсиякунонӣ ва нигоҳӯбини он фароҳам гардонида шудаанд.
Зимни боздид вазир аз он ҷумла иброз доштанд, ки дар омода намудани коргарони соҳаи кишоварзӣ ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд