Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАШРИФИ ВАЗИР БА МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

5 марти соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамроҳи менеҷери Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" - Сафаров Далер аз Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ боздид намуданд.
Муҳтарам вазир зимни ташриф ба марказ аз синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо, нармафзорҳо (симулятор) барои дарсҳои амалии дар доираи касбҳо баргузоршаванда
ва рафти курсҳои касбомӯзӣ дидан карданд.
Шароити муҳайёгардида дар марказ имкон медиҳад, ки шаҳрвандони аз 16 боло ба омӯзиш аз рӯйи касбҳои “Барқчӣ”, “Челонгар/техники санитарӣ”, “Андовачӣ”, “Кафшергари газию барқӣ” ва “Васлгари панелҳои офтобӣ” ҷалб карда шаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки курсҳои касбомӯзӣ комилан ройгон буда, хатмкунандагони муваффақ соҳиби шаҳодатномаи намунаи давлатӣ мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид