СИПОСНОМА

Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” соли сеюм аст, ки бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва пешқадамӣ миёни дигар лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ шаванда, дар идоракунии лоиҳавӣ сарфароз гардонида шуд. Сипоснома дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти лоиҳаҳо дар соли 2024 аз ҷониби Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд -Ко Сакомото, сардори Шуъбаи идоракунии лоиҳаҳо - Родора Консепсион, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Султон ба менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ноил шудан ба ин дастоварди муҳим саҳми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агентии иҷроия назаррас мебошад. Аҳли Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамкории судманд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд