ДАР ЛОИҲА ҶАЛАСА ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ РУШДИ МАЛАКАҲОВУ МАРКАЗҲОИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Дар гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаи фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар се моҳи аввали соли 2025 доир гардид.
Зимни ҷаласа ҳисоботи директорону методистони марказҳои номбурда оид ба фаъолияти марказҳо, алалхусус баргузории курсҳои касбомӯзӣ, валидатсия, корҳои таблиғотӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ, оид ба шуғл ва муҳоҷирати меҳнатӣ шунида шуданд.
Тавре аз баромади эшон маълум гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби хоҳишмандон ба омӯзиши касбҳо дар ҷамоатҳои деҳаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ гузаронида шуда истодаанд. Таваҷҷӯҳи махсуси шаҳрвандонро омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи касб алалхусус забони кореягӣ ва англисӣ ҷалб намудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар баробари омӯзиши касб шаҳрвандон инчунин малакаҳои ҳаётӣ ё ин ки нармро ба мисли кор кардан дар даста, бартараф намудани ҳолатҳои муноқишавӣ, банақшагирии вақт, саводнокии молиявӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро аз худ мекунанд.
Дар фарҷом ба роҳбарони ҳар як марказ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касб, сатҳу сифати таълим, назорати раванди таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки хоҳишмандон метавонанд, дар марказҳои зикргардида, аз рӯйи 18 касби интихобшудаи Лоиҳа комилан ройгон ба омӯзиш ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд