Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО

9 апрели соли 2025 ҳайати Гурӯҳи кории Федератсияи Россия аз ҳисоби намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия, Хадамоти Федералии меҳнат ва шуғл, сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва дигар корхонаву ташкилоти истеҳсолӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, арзёбии қувваҳои коргарӣ ба ҷумҳуриамон сафар доштанд. Дар ҳошияи сафарашон меҳмонон ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғараи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ташриф оварданд. Зимни боздид намояндагони ҳайати Федератсияи Россия аз фаъолияти марказ, алалхусус раванди курсҳои касбомӯзӣ, шароити фароҳамовардашуда дар марказ, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳои касби “Коргари коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, бинои асосӣ ва хобгоҳ дидан намуданд. Диққати меҳмононро синфхонаи омӯзиши забони русӣ ҷалб намуд. Ҳар як синфхонаи марказ бо тахтаҳои интерактивӣ/бошуур барои дарсҳои назариявӣ таъмин карда шудаанд. Ин имконияти хуб барои пахши ва истифодаи видеонаворҳо зимни дарсҳо тариқи шабакаи интернетро медиҳад.
Мутахассисони лоиҳа ба ҳайати Федератсияи Россия рӯнамо оид ба мазмуну муҳтавои Лоиҳа, марказҳои рушди малакаҳову марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ манзур намуданд. Аз он ҷумла қайд карда шуд, ки дар доираи фаъолияти Лоиҳа ба ғайр аз 18 касбҳои коргарӣ, инчунин машваратҳо оид ба шуғл, пеш аз сафар бо пешниҳод шудани маълумот оид ба қоидаҳои буду бош, қонунгузорӣ, урфу одат, фарҳанг, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманду корфармо зимни ба имзо расонидани шартномаҳои меҳнатӣ дар давлати муҳоҷират таълим дода мешаванд.
Дар баробари ин шаҳрвандон инчунин малакаҳои нарм: кор дар даста, бартараф намудани ҳолатҳои муноқишавӣ, идоракунии вақт, омӯзишҳо доир ба саводнокии молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои истифодаи замимаҳо(приложения)-и бехатар барои интиқоли маблағ ва амнияти маълумоти шахсӣ дар шабакаи интернет дода мешаванд. Ба ғайр аз ин дар марказҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва кореягӣ дар сатҳи заминавӣ дар доираи ҳар як касб низ пешбинӣ шудааст.
Дар фарҷоми ташриф меҳмонон ҷиҳати тақвияти муносибатҳои минбаъда ва мутақобилан судманд ибрози назар доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид