ДАР ЛОИҲА ҶАЛАСА ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ РУШДИ МАЛАКАҲОВУ МАРКАЗҲОИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ ҶОРӢ

30 июни соли равон дар гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаи фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзиву хизматрасонӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа директорону методистони марказҳои номбурда оид ба фаъолияти марказҳо ба ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуданд. Зимни баромадашон масъулин роҷеъ ба рафти курсҳои касбомӯзӣ, валидатсия, маъракаҳои ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиш ва машваратҳо ба ҳозирин ҳисобот доданд.
Дар фарҷом ба роҳбарони ҳар як марказ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касб, сатҳу сифати таълим, назорати раванди таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд