Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАР ВАЗОРАТ ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

07 июли соли 2025 ҷаласаи 8-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер гузориши хешро роҷеъ ба рафти татбиқи лоиҳа: омодагӣ барои ба истифода қарор додани Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе, баргузории курсҳои омӯзишӣ, валидатсия, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати ҷалби баҳрагирандагон алалхусус ҷавонон ва занон ба омӯзиши касбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба аъзоёни кумита ироа намуданд.
Аз он ҷумла қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якум барои кормандони марказҳо як қатор омӯзишҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, амнияти маълумоти шахсӣ дар шабакҳои интернет, медиа-саводнокӣ, саводнокии молиявӣ, масъалаҳо марбут ба ҳассосияти гендерӣ гузаронида шуданд.
Аъзоёни кумита, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҳастанд, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат барои ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз соҳаҳои гуногун ба касбомӯзӣ дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо иброз доштанд.
Дар фарҷом муовини раиси Кумита ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба шахсони масъул дастуру супоришҳо доданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид