БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ ва инчунин дар марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара семинари омӯзишии 5-рӯза дар мавзӯи “Баҳодиҳӣ дар методолгияи ТАС” барои корфармоёну коршиносони соҳавӣ баргузор гардид. Мақсади гузаронидани семинари мазкур ин омода намудани баҳодиҳандагони мустақил тибқи методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият аз ҳисоби корфармоёни соҳа мебошад.
Зимни семинар ба корфармоён мафҳуми методологияи ТАС, фарқияти он аз низоми анъанавӣ, баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият, банақшагирӣ ва баргузории он, усул ва воситаҳои баҳогузорӣ, таҳияи воситаҳои баҳодиҳӣ ва иштироки корфармоён дар баҳодиҳӣ ба иштирокчиён пешниҳод карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар методолгияи ТАС нақши корфармоён дар баҳодиҳӣ калидӣ буда, дар шароити тағйирёбандаи бозори меҳнат талаботи онҳо ба инобат гирифта шуда, хатмкардагони марказҳо ҷавобгӯ ба зарурати соҳа омода карда мешаванд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни семинар сертификати баҳодиҳандаи салоҳиятҳои касбӣ дода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд