Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БОЗДИДИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ДЕПАРТАМЕНТИ БОР

19 сентябри соли 2025 Директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Лея Гутиеррес ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ко Сакамото дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара боздид намуданд.
Меҳмонон зимни ташриф аз синфхонаи забономӯзӣ алалхусус кореягӣ, синфхонаҳои малакаҳои нарм, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, устохонаҳои сабзавоткор, коргари коркарди меваю сабзавот ва ғайра дидан карданд.
Ҳамзамон, хонум Гутиеррес бо меҳрубонии махсус бо тифлакони маркази нигоҳубини кӯдак суҳбат намуданд.
Дар фарҷом меҳмонон қаноатмандии хешро аз ҷараёни баргузории курсҳои касбомӯзӣ иброз намуда, дар фаъолияти минбаъда ба кормандони марказ муваффақият таманно намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид