ТАШРИФИ НАМОЯНДАҲО АЗ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
31 октябри соли 2025 намояндагони Донишгоҳ ва коллеҷи лифтсозии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳайати профессорон Ким Сунг Ҷин, Ҷебёк Сим ва Ли Ҳюн Сок ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Меҳмонон бо шароити Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд алалхусус, синфхонаҳо, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва ҷараёни курсҳои таълимӣ аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон пас аз шиносоӣ бо Марказ иброз доштанд, ки ин макони таълим дорои шароити хуб барои омӯхтани малакаҳои касбӣ алалхусус забони кореягӣ мебошад. Инчунин зикр карда шуд, ки хатмкардагони марказ, ки соҳиби шаҳодатнома мегарданду забони кореягиро дар сатҳи заминавӣ аз худ мекунанд, метавонанд дар Кореяи Ҷанубӣ кор кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд