Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАР ОИД БА МАЛАКАҲОИ НАРМ БАРОИ

Рӯзҳои 12-14 ноябри соли 2025 семинар оид ба малакаҳои нарм ва бозомӯзии муаллимони забонҳои русӣ ва англисии марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳои Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” баргузор гардид.
Дар доираи фаъолияти Лоиҳа барнома ва маводҳои таълимӣ аз ҷониби фасилитаторон/таҳиягарон омода шуда, аз ҷониби корхонаву идораҳои дахлдор, яъне корфармоён экспертизаи соҳавӣ гузаштаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми маводҳои дар доираи методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият таҳия карда шудаанд.
Методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) - методологияи навовар буда, сифати баланди омодасозии мутахассисони коргариро барои фаъолияти меҳнатӣ тавассути ба даст овардани дониш, малака, маҳорати лозима, яъне салоҳият, ки дар шароити корӣ барои иҷрои супоришҳо ва ҳалли масъалаҳо дар ҳолатҳои стандартӣ ва муҳити тағйирёбанда талаб карда мешаванд, таъмин менамояд. Муҳим он аст, ки методологияи мазкур муносибати масъулонаро дар корманд барои иҷрои босифати кор ташаккул медиҳад. Яъне тибқи методологияи ТАС зимни омодасозии коргар ба маҷмӯи дониш, малака, маҳорат ва муносибат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид