БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НУҲУМИ КУМИТАИ
12 феврали соли 2026 ҷаласаи 9-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.
Зимни ҷаласа гузориши менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер доир ба рафти татбиқи лоиҳа: баргузории курсҳои омӯзишӣ, валидатсия, ҷалби баҳрагирандагон ба омӯзиши касбӣ аз ҳисоби ҷавонону занон ва дигар масъалаҳои мубрам ба аъзоёни кумита ироа карда шуд.
Аъзоёни кумита, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҳастанд, омодагии хешро дар ҷалби баҳрагирандагон ба марказҳои лоиҳа иброз доштанд.
Дар фарҷом муовини раиси Кумита ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба шахсони масъул дастуру супоришҳо доданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд