ДАСТОВАРД
01 апрели соли 2026 дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соли 2025 Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва пешқадамӣ миёни дигар лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда, дар идоракунии лоиҳавӣ сарфароз гардонида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳа пай дар пай соли панҷум аст, ки сазовори чунин дастовард мегардад. Дар таърихи татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд сармоягузоришаванда бори аввал аст, ки як лоиҳа пайи ҳам панҷ сол чунин комёбиро соҳиб мешавад.
Сипоснома аз ҷониби Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд - Ко Сакомото муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Юсуфзода Фаррух ба менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ноил шудан ба ин дастоварди беназир саҳми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агентии иҷроия назаррас мебошад. Аҳли Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамкории судманд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд