ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
Санаи 4-уми марти соли 2026 Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масато Канда дар доираи сафарашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Инчунин ба Марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо меҳмонон ташриф намуданд. Ҷаноби Президентро Директори генералии Департаменти Осиёи марказӣ ва Ғарбии БОР хонум Лея Гутиеррес, Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакомото ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ карда буданд.
Ҷаноби Президент зимни ташриф ба Маркази мазкур аз синфхонаву устохонаҳои таълимӣ ва шароити дар он фароҳамшуда, раванди дарсҳои амалӣ аз наздик шинос шуда, бо таълимгирандагон суҳбатҳо оростанд. Алалхусус, дар синфхонаи касби “Роҳбалад” ҷаноби Канда қайд карданд, ки зимни парвоз аз тамошои кӯҳҳои осмонбуси ватанамон ҳаловат кардаанд. Масато Канда инчунин аз манзараҳои зебои тамошобоби ватанамон қисса намуданд.
Ҳамчунин ҷаноби Президент дар нармафзори кафшерӣ малакаҳои худро санҷида, бо таълимгирандагон дар устохонаи андовачӣ рақобат карданд. Дар маҷмӯъ ҷаноби Канда аз ташриф ба Марказ изҳори қаноатмандӣ карда, ба таълимгирандагон дар омӯзиши касб бурдбориҳо ва ба кормандони лоиҳаву марказ пешравиҳои беназир таманно намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд