Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЛАКАҲО ТОҶИКИСТОН - 2026 ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ОҒОЗ ШУД

Санаи 28 майи соли ҷорӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара чорабиниҳои рӯзи якуми Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид. Марказ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва бад ин васила тақвияти ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Чорабинии байналмилалиро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки бо ташаббуси сиёсати ғамхорона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоид дар омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани малакаҳои касбиву ҳаётӣ, омӯзиши илму донишҳои муосир фароҳам гардидааст.
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби – Ко Сакомото зимни баромади худ зикр карданд, ки баргузории чунин Форум саривақтиву муҳим буда, имкони мубодилаи малакаҳо ва таҷрибаи касбиро ба мутахассисони ҷавон фароҳам меорад, ки ин дар навбати худ ба рушди робитаҳои дӯстона байни давлатҳоро мустаҳкам месозад. Мутахассисони соҳибкасб рушди технология ва инноватсияҳоро дар самтҳои гуногун ҷорӣ мекунанд. Ҷаноби Ко Сакамото қаноатмандии хешро аз рафти татбиқи Лоиҳа ва дастовардҳои ноилгаштааш иброз доштанд.
Дар доираи Форум озмун аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» миёни намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида мешавад. Дар озмун ҷавонони 17-35 соли иштирок мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст.
Дар доираи Лоиҳа марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ ва марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар онҳо омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар асоси принсипҳои методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 20 касби афзалиятноки соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст.
#ISFT-2026 #ФБМТ-2026 #МФПНТ-2026

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид