Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

РӮЗИ ДУЮМ: ДАР ДОИРАИ ФОРУМ ОЗМУНҲОИ КАСБӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

29.05.2026, ноҳияи Данғара.
Дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара рӯзи дуюми Форум ба кор шурӯъ кард. Мусобиқаҳои касбии Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон-2026 расман оғоз шуданд. Иштирокчиёни ҷавони синни 17-35 сола аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Чин ва Туркия аз бақайдгирӣ гузашта, дастури муфассал оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ гирифтанд.

Баъд аз дастурдиҳӣ ба ҳар як иштирокчӣ вазифаҳои амалӣ мувофиқи касби интихобкардаашон — «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» супорида шуд. Ҷавонон ба иҷрои кор шурӯъ карданд.

Барои иҷрои босифати вазифа ба иштирокчиён аз 4 то 6 соат вақт ҷудо карда шудааст. Дар тамоми раванди мусобиқа доварони мустақили байналмилалӣ кори ҳар як иштирокчиро аз назар мегузаронанд ва ба риояи меъёрҳои техникӣ баҳо медиҳанд.

Ғолибон тибқи натиҷаи кор ва сифати иҷрои вазифа муайян шуда, қадрдонӣ карда мешаванд. Мақсад аз баргузории озмун — муаррифии беҳтарин мутахассисони ҷавон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба рушди касбият мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид