ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЛАКАҲО ТОҶИКИСТОН - 2026 БА АНҶОМ РАСИД.
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО МУАЙЯН ШУДАНД
Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон-2026, ки давоми 2 рӯз дар маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара идома дошт, имрӯз ба кори худ хотима дод. Дар Форуми мазкур намояндагон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия ва Чин иштирок доштанд. Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Насим дар чорабинии ҷамъбастӣ иштирок намуда, бори дигар муҳимияти баргузории чунин Форумро қайд карданд. Зимни табрик кардани ғолибон Каримзода аз он ҷумла ёдовар шуданд, ки пешсафӣ маҳз зи соҳибмалака буданашон ба даст омад. Дар маросими ҷамъбастӣ натиҷаҳои озмун аз рӯи 4 касб эълон ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Натиҷаҳои мусобиқа:
Касби «Андовачӣ»:
1 ҷой
— Тоҷикистон
2 ҷой
— Туркманистон
3 ҷой
— Қазоқистон
Касби «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ»:
1 ҷой
— Тоҷикистон
2 ҷой
— Ӯзбекистон
3 ҷой
— Қазоқистон
Касби «Кафшергари газию барқӣ»:
1 ҷой
— Қазоқистон
2 ҷой
— Қирғизистон
3 ҷой
— Ӯзбекистон
Касби «Барқчӣ»:
1 ҷой
— Қазоқистон
2 ҷой
— Чин
3 ҷой
— Тоҷикистон
Арзёбии кори иштирокчиёнро ҳайати доварони мустақил тибқи системаи WorldSkills СIS, мувофиқи меъёрҳои техникаи иҷро, сифат ва тозагӣ гузарониданд.
Дар идомаи чорабинӣ устодоне, ки шогирдони онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо сипосномаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Ташкилкунандагон саҳми омӯзгоронро дар омода кардани мутахассисони ҷавон баҳои баланд доданд.
Пас аз маросими қадрдонӣ барои меҳмонон ва иштирокчиён барномаи фарҳангӣ — «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид. Дар фазои дӯстию ҳамдилӣ ҷавонон аз кишварҳои мухталиф таҷриба мубодила намуда, бо фарҳанг ва анъанаҳои якдигар шинос шуданд.
Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон-2026 бори дигар аҳамияти рушди малакаҳои касбиро барои таъмини ҷавонон бо ҷойи кори шоиста нишон дод.
#ISFT #ФБМТ #МФНТ #Дангара #награждение #Таджикистан #победители #АБР #ADB #SEEP
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд