ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЛОИҲА
Санаи 26 июни соли 2026 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Каримзода Насим Самиҷон баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми вазир Каримзода Н. С. қайд карданд, ки маҳз ба шарофати сиёсати ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон ба рушди устувор ва комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур се корманди лоиҳа: Кабирзода Нилуфар Сафаралӣ, Ҷумахонов Абдусаттор Хоксорович ва Қаландаров Фирдавсҷон Шоназарович бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои фаъолияти пурсамар ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон - 2026 мукофотонида шуданд. Инчунин, дигар кормандони лоиҳа бо ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва менеҷери лоиҳа сарфароз гардонида шуданд.
Каримзода Н.С аз фаъоияти пурсамари лоиҳа ёдрас шуда, иброз доштанд, ки дар чунин сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Форум натиҷаи кори гурӯҳии кормандони лоиҳа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд