МУҲИМИЯТИ ОМӮЗИШИ КАСБИ “РОҲБАЛАД БО ДОНИСТАНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ” БАРОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

Бо тараққиёти бемайлони техника ва технологияи муосир касбҳо ва ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт низ рушд меёбанд. Талабот ба касб ва малакаҳои касбӣ мунтазам тағйир ёфта, вазъи шароити бозори меҳнати дохила ва беруна низ иваз мешавад.
Соҳаи сайёҳӣ дар дилхоҳ давлати рӯйи дунё яке аз соҳаҳои афзалиятноки ба ҳаракатдароварандаи иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Соҳаи мазкур дар ҳар як кишвар талабот ва шароити махсуси худро дошта, рушди он ба баланд шудани сатҳи даромаднокии мардум ва худи иқтисодиёт мусоидат менамояд. Маврид ба зикр аст, ки яке аз касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ин касби “Роҳбалад бо донистани забонҳои хориҷӣ” мебошад.
Роҳбалад-мутахассисе мебошад, ки ҷойҳои тамошобоб (осорхона, чойхона, меҳмонхона, водиву доманакуҳҳо ва ғайра)-и шаҳр ва ё маҳалли ҷойгиршавиашро медонад ва аз таъриху фарҳанги маҳал хуб огоҳ буда, меҳмононро дар мавриди зарурӣ бо он ҷой шинос карда метавонад.
Роҳбалад аз рӯйи фаъолият якчанд намуд мешавад: роҳбалад-роҳбари экскурсия, роҳбалади кӯҳӣ, роҳбалади осорхона, роҳбалад бо донистани забонҳои хориҷӣ ва ғайра.
Айни ҳол, ниёз ба “Роҳбалад бо донистани забонҳои хориҷӣ” дар бозори меҳнати кишвар баланд аст. Бо рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат талабот ба чунин касбҳо зиёд шуда истодааст. Дорандаи касби роҳбалад бояд малакаҳои хуби муошират байни одамонро дошта, озодона бо забони хориҷӣ ҳарф занад.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” аз ҷониби таҳиягарони модулҳои таълимӣ ва коршиносон аз вазорату идораҳои соҳавӣ харитаи функсионалии касби “Роҳбалад бо донистани забонҳои хориҷӣ” таҳия карда шуда, харитаи мазкур аз экспертизаи коршиносон аз корфармоён, ассотсиатсия, вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шуд.
Зимни таҳияи харитаи функсионалӣ тамоми талабот ба касб: маҷмӯи дониш, малака, маҳорат ва муносибат ба он, инчунин рушди имконияти касб дар ояндаи наздик ҳамаҷониба аз ҷониби мутахассисону коршиносон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа функсия ва вазифаҳои иҷрошаванда ба пуррагӣ ифода карда мешаванд.
Дар асоси харитаи функсионалӣ стандарти салоҳият ва барномаву маводҳои таълимии касби “Роҳбалад бо донистани забонҳои хориҷӣ” таҳия мешавад ва шаҳрвандон ба омӯзиши малакаҳои ин касб тавассути курсҳои омӯзишии модулӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе ҷалб мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд