Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ГЕНДЕРӢ ДАР ЛОИҲА

                                                    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ГЕНДЕРӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА
     24 феврали соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” маҷлис ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба гендер дар омӯзиш ва ҳассосияти гендерӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур мутахассис оид ба гендери лоиҳа – Расулова Ниссо баромад карда, мушкилоти ҷанбаҳои гендериро, ки дар доираи лоиҳа ба инобат гирифта мешаванд, рӯнамоӣ кард. Расулова зимни баромади хеш аз он ҷумла дар бораи ҷалби занони корҷӯ ба курсҳои омӯзишӣ, соҳибкасб шудан бо дарназардошти шароити махсус барои онҳо дар марказҳои рушди малакаҳо, ки дар доираи лоиҳа сохта ва ба истифода дода мешаванд, қайд намуд.
    Дар рафти пешниҳоди рӯнамо масъалаи мазкур аз ҷониби кормандони лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид