СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ СОҲАВӢ

30-31 майи соли 2023 дар Гурӯҳи идоракнии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари омӯзишӣ барои гурӯҳҳои кории соҳавӣ аз вазорату идораҳои дахлдор, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Мутахассисон ба иштирокчиён вобаста ба самти фаъолияти Лоиҳа, методологияи таълим дар асоси салоҳият ва нақши он дар омодасозии кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (СБТМ-08/ISCO-08), татбиқи “Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ТМҶТ) дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, нақши низоми миллии тахассусҳо, дар ҳалли масъалаи ҳадафи стратегии кишвар:вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва ғайра рӯнамоиҳо пешниҳод намуданд.
Иштирокчиёни семинар дар кори гурӯҳӣ номгӯи машғулиятҳои асосии хоси соҳаро омода карданд. Инчунин тибқи Таснифоти миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсифи умумӣ касбҳоро омода карда, рамзгузорӣ намуданд. Дар интиҳо гурӯҳҳои кории ташкилкардашуда аз натиҷаи фаъолияти амалӣ дар даста рӯнамо пешниҳод карданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд