СЕМИНАР ДОИР БА СБТМ-08

СЕМИНАР ДОИР БА СБТМ-08 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Рӯзҳои 4-5 ва 6-7 декабри соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари ниҳоии “Назария ва амалияи ISCO-08 ва татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯйи касбҳо” барои намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ аз шаҳру Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.
Зимни семинар барои иштирокчиён рӯнамоиҳо оид ба ҷанбаъҳои назариявӣ ва амалии Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (СБТМ-08/ISCO-08): зарурати ташаккули низоми миллии тахассусҳо, ҳадаф ва мароми Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТМҶТ) дар радифи СБТМ-08, истифодаи рамзҳои СБТМ-08 ва ТМҶТ дар таҳия ва татбиқи мавод дар доираи методологияи Таълим дар асоси салоҳият, зарурати ташаккул ва нақши Номгӯйи касбҳо (НК) дар татбиқи ТМҶТ ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, доир ба ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳавӣ ва инчунин доир ба нақши арзёбии бозори меҳнати Тоҷикистон дар таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони Лоиҳа пешниҳод карда шуд.
Маврди зикр аст, ки зимни кори амалӣ иштирокчиён мансубияти касбҳои соҳаҳои гуногунро тибқи Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо рамзгузорӣ ва гурӯҳбандӣ карданд. Инчунин масъалаи ҳассосияти гендериро дар интихоби кормандони соҳаи коргарӣ муҳокима ва ба ҳамдигар пешниҳод намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд