Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАШРИФИ ШИРИН АМОНЗОДА ВА РИЕ ХИРАОКА БА ДАФТАРИ КОРИИ ГУРӮҲИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАИ “БЕҲТАРСОЗИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БОКОРТАЪМИНШАВӢ”

16 феврали соли 2022 ба дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амонзода Ширин, директори бахши иҷтимоии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд - Рие Хираока ва роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои намояндагии Бонки осиёии Рушд дар Тоҷикистон - Азиз Ҳайдаров ташриф оварданд. Зимни ташрифашон Амонзода ва Хираока аз шароити корӣ ва утоқҳои кормандони Лоиҳа бозбинӣ намуданд.
Сипас, ҷаласаи корӣ бо иштироки меҳмонон ва кормандони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа баргузор гардид, ки дар он аз натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ва нақшаву вазифаҳои корӣ барои соли 2022-и Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” муҳокима карда шуданд.
Хонум Рие Хираока қаноатмандии хешро аз татбиқи саривақтиву бомуваффақияти Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” новобаста аз хуруҷи коронавируси нави SaRs COVID-19 баён намуданд ва ба кормандони Лоиҳа ҷиҳати фаъолияти пурсамарашон изҳори миннатдорӣ карда, барои корҳои минбаъда бурдбориҳо хостанд.
Дар навбати худ вазир миннатдории хешро ба хонум Хираока ва ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии ҳамешагӣ дар татбиқи Лоиҳа иброз карданд. Қайд карда шуд, ки Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ба низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ таъсири мусбиву муҳим расонида, барои рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ заминаи бетаъхир гузошт. Ҳамзамон, дар заминаи фароҳамовардашуда, Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” метавонад ба мақсадҳои дар пеш буда, яъне баланд бардоштани малакаҳои касбии шаҳрвандон ҷиҳати афзун намудани имконияти бокортаъминшавиашон дар бозори меҳнати дохилу хориҷ ноил гардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид