ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ
Аз 9 то 12 декабри соли 2024 дар Толори тренингии ГИЛ тренинги омӯзишии ниҳоӣ “Оид ба истифодаи маълумот барои таҳлил ва ҳисоботдиҳӣ дар бораи бозори меҳнат, системаи қабули қарорҳо дар асоси махзани маълумот, фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” барои кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.
Ба иштирокчиёни тренинг рӯнамоиҳо оид ба манбаъҳои иттилоот дар бозори меҳнат ва миёнаравӣ дар бозори меҳнат, таҳлили бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири равандҳои муҳоҷират ба бозори меҳнат, татбиқи методологияи ТАС вобаста ба ҳар як касб (ихтисос), маҳзанҳои иттилоотии мавҷуда дар бозори меҳнат, тартиби гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи бозори меҳнат аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони лоиҳа манзур карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд