Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Методологияи ТАС


                      МЕТОДОЛОГИЯИ ТАЪЛИМ ДАР АСОСИ САЛОҲИЯТ

    Методологяи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) - методологияи навовар буда, сифати баланди омодасозии мутахассисони коргариро барои фаъолияти меҳнатӣ тавассути ба даст овардани дониш, малака, маҳорати лозима, яъне салоҳият, ки дар шароити корӣ барои иҷрои супоришҳо ва ҳалли масъалаҳо дар ҳолатҳои стандартӣ ва муҳити тағйирёбанда талаб карда мешаванд, таъмин менамояд. Муҳим он аст, ки методологияи мазкур муносибати масъулонаро дар корманд барои иҷрои босифати кор ташаккул медиҳад. Яъне тибқи методологияи ТАС зимни омодасозии коргар ба маҷмӯи дониш, малака, маҳорат ва муносибат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
    Методологияи ТАС дар асоси стандартҳои салоҳияти касб бунёд ёфта, стандартҳо бо иштироки бевоситаи корфармоён, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва вазорату идораҳои дахлдор таҳия карда мешаванд. Иштироки корфармоён дар раванди таҳияи намудани стандартҳои салоҳият, барномаю маводҳои таълимӣ, воситаҳои баҳодиҳӣ ва омода намудани кадрҳои коргарӣ талаботи асосии методологияи мазкур мебошад. Натиҷаи ниҳоии татбиқи методологияи ТАС ин таъмини низоми фасеҳи омодасозии кадрҳои рақобатпазир мебошад, ки ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шуда, сифати омода намудани кадрҳои коргариро кафолат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид