Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Саноат

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 солҳои 2022-2026-ро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд.

       Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва бо мақсади баланд бардош­тани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, тақвияти нерӯи кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бахши саноат чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

       Саноат чор намуди асосии фаъоли­яти иқтисодиро дар бар мегирад:

  • саноати истихроҷи маъдан;
  • саноати коркард;
  • таъминоти нерўи барқ, газ, буғ ва ҳавои тоза;
  • обтаъминкунӣ, полоиш коркарди партов ва гирифтани ашёи такро­р.

     Дар навбати худ, ҳар яке аз ин намудҳо зергурўҳҳои муфассали фаъо­лияти иқтисодиро дар бар мегиранд.

            Саноати истихроҷи маъдан:

- истеҳсоли ангишт;

 - ангиштсанг;

 - ангишти бўр;

- ангишти антрасит;

- истиҳроҷи маводҳои энергетикӣ (нафт, гази табиӣ, гази нафтӣ);

- истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ (маводҳои сохтмонии ғайри­маъданӣ, омехтаи регу шағал, рег, сангмайда, шағал, намаки ошӣ) истихроҷ карда мешаванд.

       Дар соҳаҳои саноати коркард: 32 намуди маҳсулоти хўрокворӣ ва 16 намуди истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва нахи пахта дарбар мегирад. Ба гуруҳӣ истеҳсоли чарм, маснуот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол, коркарди чўб ва истеҳсоли маснуот аз чуб дохил мешаванд.

       Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияи нав, ҷиҳати мусоидат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 5 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст: Суғд, Панҷ, Данғара, Ишкошим ва Кӯлоб.

       Корхонаҳои саноатӣ

      Давоми солҳои охир бо истифодаи технологияҳои инноват­сионӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла, сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводҳои ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта ба истифода дода шудаанд.

     Аз ҷумла, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ва Суғд, ҶДММ “Тоҷ Чайна 2013”-и шаҳри Ваҳдат, заводи “Креолит”-и ноҳияи Ёвон, хиштбарории ҶДММ “Пейҷинг технология”-и ноҳияи Ҳисор, “Хишти сабук” дар ноҳияи Рудакӣ, Комбинати метталургии шаҳри Ҳисор, коркарди санги ҶДММ “Элегант”-и шаҳри Бўстон, ҶДММ “Корона мармар”-и ноҳияи Дарвоз, фабрикаи истеҳсоли тилло “Покруд” дар шаҳри Ваҳдат”, корхонаи мебелбарори “Арча мебел”-и шаҳри Хуҷанд, маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай Син Силу Текстил” ва корхонаи дўзандагӣ “Тоҷтекс” ба фаъолият оғоз намудаанд.  Бо мақсади ҳалли масоили раванди муҳоҷират ва шуғл Ташкилоти байналмилалии меҳнат соли 1952 дар асоси таснифоти миллии ҳашт кишвари тараққикардаи саноатӣ Таснифоти байналмилалии машғулиятҳоро бо шарҳи муфассали 1727 машғулият нашр намуд. Соли 1988 Таснифоти байналмилалии машғулиятҳо дар таҳрири нав қабул гардид. Соли 2008 ба он тағйиротҳои зарурӣ вобаста рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва  ба инобат гирифтани пешниҳодҳои истифодабарандагони он ворид гардид.   

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 аз ҷониби  МД “Пажўҳишгоҳи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” “Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо” омода шуда, он бо қарори Ҳайати мушовараи  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ   27 ноябри соли 2003, таҳти №36 қабул гардид.

“Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо”  дар заминаи “Стандарти байнал­ми­ла­лии таснифоти шуғлҳо-1988” омода шудааст ва рамзҳои касбҳо, рақамҳои назоратӣ, гурўҳҳои заминавӣ ва дигар нишондиҳандаҳои он ба “Стандарти байнал­ми­ла­лии таснифоти шуғлҳо-2008” мутобиқат намекунанд.

     Дар шароити иқтисоди бозорӣ рушди фаъолияти техноло­гияи инноват­сионӣ дар соҳаи саноат яке аз воситаҳои муҳими рақобатпазири иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Имрўз барои рушди технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Тоҷикистон зарурати таҳрезӣ, густариш, дониши навини муосир ба технологияҳо ва инноватсия мутобиқ намудани  машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-08” ба миён омадааст.

Дар раванди татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   омода гардида, бо Фармоиши дахлдори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

     Дар натиҷа ба гурӯҳи асосии 7 зергурӯҳҳо, гурӯҳи хурд ва гурӯҳи ибтидоии зарурӣ пешбинӣ ва ворид карда шуд, ки онҳо маъмулан машғулиятҳои зеринро фаро мегиранд: дуредгар, рангмол, заргар,   кулолгар, шишагарон, созандаи асбобҳои мусиқӣ, қолибгарон,  оҳангар,   қаннод, панирпаз, адрасбоф ва ғайра.

Бо мақсади татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар назар аст, ки он дар доираи соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ бозбинӣ гардида, номгӯи касбҳои Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳия карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид