Барномаҳои таълимии модулӣ
Барномаи таълимии модулӣ
Барномаи таълимии модулии касб мутобиқи принсипҳо ва талаботи методологияи ТАС дар асоси стандарти салоҳиятҳои касб таҳия карда мешавад. Барнома мундариҷаи ҳар модулро муфассал мекушояд, истифода бурдани усулҳои фарогир (интерактиви)-ро дар омӯзиш тавсия медиҳад ва намунаҳои усулҳоеро медиҳад, ки дар методологияи ТАС истифода мешаванд. Дар Барномаи таълимии модулӣ раванди омӯзиш ҳама домана (спектр)-и воҳидҳои салоҳият, аз ҷумла фароумумӣ (трансверсалӣ), заминавӣ (базавӣ), касбӣ ва малакаҳои бакортаъминкуниро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, баъд аз гузаштани омӯзиш, таълимгирандагон дониш, маҳорат, малака ва муносибати муносиб ва муосирро ба кори касби махсус соҳиб мегарданд.
Барномаи таълимии модулии дар асоси салоҳиятҳо барои ҳар касб таҳияшуда бештар ба таълими амалӣ равона гардида, салоҳиятҳои хатмкунандагонро таъмин менамояд, ки дар бозори меҳнат рақобатпазиранд. Барномаи таълимии модулӣ дар асоси салоҳиятҳо аз сатҳҳои тахассуснокии пайдарпай ҷойгиршудаи модулҳо иборат мебошад ва ҳар модул аз блокҳои баохиррасида, ки ҳаҷми муайяни дониш, маҳорату малака ва муносибатро дар худ дорад, ба азхудкунии таълимгирандагон барои иҷрои босифати фаъолияти касбӣ дар ҷойи корӣ зарур аст.
Принсипи таълими модулӣ маводи таълимиро ба тавре пешниҳод менамояд, то ки модулҳо аз як тараф мустақил бошанд, аз тарафи дигар, бо ҳам алоқаманд ва ин азхудкунии маводи таълимиро бе вайрон кардани мундариҷаи ягона имкон медиҳад.
Машғулияти амалӣ мутобиқ ба барномаи таълимӣ дар заминаи муассисаи таълимӣ, дар устохонаи таълимӣ/машқгоҳи таълимии махсус муҷаҳҳазгардида бо назардошти таъмини шароитҳои эргономикӣ (корпажӯҳӣ) гузаронида мешавад. Илова ба ин, раванди омӯзиши касбӣ дар доираи барнома гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар ташкилот, корхона ва муассисаҳо дар бар мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд