Лоиҳаи «Беҳтарсозии малкаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»
Созишномаҳои грантии №0714-TAJ ва №9207-TAJ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд санаи 21 октябри соли 2020 ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2021 ба тасвиб расонида шуд.
Лоиҳа 1 феврали соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, анҷомёбии он 30 сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳа ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Агентии иҷроия вогузор шудааст. Айни замон дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии лоиҳа таъсис дода шуда, дар он тибқи нақшаи тасдиқгардида мутахассисону мушовирони маҳалливу байналмилалӣ ва кормандони ёрирасон дар асоси озмун ба кор қабул гардида, фаъолият менамоянд.
Ҳадафи асосии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ба тавсеаи шуғли фарогири пурмаҳсул мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида аст. Натиҷаи ниҳоии лоиҳа ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст.
Қисмати 1. Дастгирии бештари фарогир ва мақсаднок дар самти муҳоҷират
Дар доираи ин қисмат барои коҳиш додани осебпазирии муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмак ба ҷавонон ҷиҳати дарёфти ҷойҳои кории беҳтар, лоиҳа се маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷиронро таъсис дода, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегардонад. Ҳамзамон ба онҳо барномаҳои роҳнамоии пеш аз сафар дар самти бокортаъминшавӣ ва баланд бардоштани саводнокӣ оид ба таҳсилоти касбӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва ғайраҳо пешниҳод карда мешаванд.
Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ сохта мешаванд. Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон барои муҳоҷирони сафаркунанда ва баргашта хидматҳои ҳамаҷониба мерасонанд. Барномаи таълимӣ оид ба муҳоҷират, курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва малакаҳои ибтидоии касбӣ ба муҳоҷирон ҷиҳати дарёфти ҷойҳои кории беҳтар ва шароити бехавфи зиндагӣ дар кишварҳои муҳоҷирати меҳнатӣ кумак хоҳад кард.
Қисмати 2. Вусъати дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ оид ба таъмини кор ва баланд бардоштани аҳамияти онҳо
Барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занони корҷӯ, дар доираи ин қисмат се маркази рушди малакаҳо таъсис ва бо таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз карда мешаванд, ки онҳо дар самтҳои омӯзиш ва мутобиқгардонии малакаҳои касбӣ, бокортаъминшавӣ ва ғайраҳо ба муҳоҷирон хизматрасонӣ менамоянд. Дар марказҳои номбурда инчунин бахшҳои нигоҳубини кӯдакон ва барномаи пилотии таъмини стипендия барои занони корҷӯ пешбинӣ карда мешавад.
Марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе барои соҳаи сайёҳӣ, дар шаҳри Роғун барои соҳаи энергетика ва дар ноҳияи Данғара барои соҳаи кишоварзӣ, ки дорои хобгоҳҳо мебошанд, сохта ва бо таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Дар ин марказҳо омӯзиши малакаҳои касбӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ: энергетика, сайёҳӣ ва кишоварзӣ пешниҳод мегарданд. Барномаҳои таълимӣ аз рӯйи методологияи таълим дар асоси салоҳият таҳия ва роҳандозӣ мегарданд.
Қисмати 3. Тақвияти банақшагирӣ ва идоракунии хизматрасониҳои муҳоҷират ва бокортаъминшавӣ
Барои расонидани хизматрасониҳои босифат ба ҷавонону занони корҷӯ ва муҳоҷирони ҷавони меҳнатӣ дар доираи қисмати мазкур Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо 2008 (ISCO-08) таҳия ва тасдиқ гардида, он барои рамзгузории касбҳо, сертификаткунонӣ ва таҳлили бозори меҳнат истифода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд