Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Баҳодиҳӣ дар ТАС

                                     Баҳодиҳӣ дар ТАС
   Барои қонеъ гардонидани талаботи корфармоён ва ноил шудан ба сифати ниҳоии таълим ва натиҷаҳои омӯзиш, баҳодиҳӣ дар асоси салоҳиятҳо гузаронида мешавад.
Баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият – ин раванди ҷамъоварии далелҳо ва қабули қарорҳо оид ба он, ки оё  шахсони алоҳида дар ҷойи корӣ тибқи стандарт барои иҷрои корҳо салоҳиятҳои касбиро доранд ё не.
   Дар методологияи ТАС баҳодиҳандагон - мутахассисон/коршиносони баландихтисоси махсус омодашудаи соҳа (саркор/устои истеҳсолот, коргари таҷрибадори соҳа, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ), ки аз омӯзиш гузаштаанд ва соҳиби сертификати мувофиқи «Баҳодиҳанда» мебошанд, ҷалб карда мешаванд.
   Баҳодиҳӣ дар ТАС аз меъёрҳои иҷрои стандарти салоҳиятҳо асос ёфта, ҳангоми баҳодиҳӣ ба арзёбии салоҳиятҳои таълимгирандагон, яъне ба салоҳиятҳои касбии ӯ дар ҳалли як ё якчанд масъалаҳо диққат дода мешавад.
   Баҳодиҳии таълимгирандагон дар асоси салоҳиятҳо, ҳам дар раванди таълим ва ҳам баъди анҷоми он гузаронида мешавад. Дар ТАС намудҳои зерини баҳодиҳӣ истифода мешаванд:
- баҳодиҳии пешакӣ (дохилшавӣ);
- баҳодиҳии ҷорӣ;
- баҳодиҳии марҳилавӣ;
- баҳодиҳии ҷамъбастӣ (хатм).
   Баҳодиҳии пешакӣ то оғози омӯзиш, бо мақсади муайян кардани сатҳи тайёрии таълимгирандагон барои аз худ кардани барномаи таълимии касби омӯхташаванда гузаронида мешавад.
Баҳодиҳии ҷорӣ ҷиҳати муайян намудани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо баъди анҷоми ҳар як машғулият/мавзӯъ, бо мақсади мониторинги муваффақиятҳои таълимгирандагон ва ворид намудани тағйироти зарурӣ дар раванди таълим барои ба даст овардани мақсади омӯзиш, дар раванди таълим аз ҷониби омӯзгор гузаронида мешавад.
Баҳодиҳии марҳилавӣ азхудкунии салоҳиятҳо дар муассисаи таълимӣ ва ё дар истеҳсолот, баъд аз анҷоми ҳар як сатҳи омӯзиш, мутобиқ ба ҷадвал ва нақшаи баҳодии тасдиқкардаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
   Баъди анҷоми пурраи курси омӯзиш ҳар як хатмкунанда аз баҳодиҳии ҷамъбастӣ мегузарад, ки дар раванди он онҳо бояд дониш, малака, маҳорат ва муносибатро ба кори иҷрошаванда намоиш диҳанд, яъне хатмкунанда бояд салоҳиятҳои касбии худро ҷиҳати мустақилона ва босифат иҷро намудани ҳама корҳо/машғулиятҳои дар барномаи таълимӣ пешбинишударо намоиш диҳад.
Баҳодиҳии ҷамъбастӣ барои тасдиқи натиҷаҳои омӯзиш ва эътироф кардани салоҳиятҳои таълимгирандагон/номзадҳо бо ҳуҷҷати расмии мувофиқ (сертификат, шаҳодатнома,  диплом) гузаронида мешавад.
Баҳодиҳии ҷамъбастии азхудкунии салоҳиятҳо аз ҷониби баҳодиҳандаҳои махсус омӯзондашудаи сертификатдор аз корфармоён, ассотсиатсияҳои соҳавӣ дар асоси нақшаи баҳодиҳӣ гузаронида мешавад.
   Фарқияти куллии баҳодиҳӣ дар методологияи ТАС аз баҳодиҳии анъанавӣ дар он аст, ки хатмкунанда танҳо 2 баҳо мегирад: «Босалоҳият» ё «Ҳоло бесалоҳият». Агар хатмкунанда нишон диҳад ё исбот намояд, ки ӯ метавонад ҳама корҳоро дар босифат иҷро кунад, он гоҳ баҳои «Босалоҳият»-ро мегирад.
Агар хатмкунанда натавонист корро иҷро кунад, ё ин ки онро қисман иҷро кунад, баҳои «Ҳоло бесалоҳият»-ро мегирад. Бо вуҷуди ин, ӯ метавонад, баҳодиҳиро чандкарата гузарад, то он даме, ки ӯ баҳои «Босалоҳият»-ро нагирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид