Шарикии соҳавӣ
Шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими касбии калонсолон бо назардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба роҳ монда мешавад.
Шарикии соҳавӣ дар таҳсилот ин ҳамкории зичи корфармоён ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ дар омода намудани кадрҳои коргарии рақобатпазир барои бозори меҳнат мебошад.
Инчунин, шарикии соҳавӣ яке аз талаботи методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) маҳсуб меёбад, чунки методологияи мазкур тақозо менамояд, ки корфармоён дар муайян намудани мундариҷаи омӯзиш, ташкили раванди омӯзиш, баҳодиҳӣ ва бокортаъминкунии хатмкунандагон иштирок намоянд. Аз ин рӯ, дар доираи методологияи (ТАС) харитаҳои функсионалии касбҳо, стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимии модулӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ дар ҳамкорӣ бо корфармоён таҳия карда мешаванд, то ки талаботи воқеии бозори меҳнат вобаста ба малакаҳои зарурӣ ба назар гирифта шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд