Стандартҳои салоҳият
Стандарт (standard) – ҳуҷҷати меъёрӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор таҳия ва тасдиқ шудааст, дар он талаботи меъёрӣ, қоидаҳо, тавсифот ё принсипҳои умумие, ки ба намудҳои гуногуни фаъолият ё натиҷаи онҳо дахл доранд, муайян карда мешаванд. Ҳадафи ин ҳуҷҷат расидан ба дараҷаи беҳтарини низоми соҳаи мазкур мебошад.Стандарти салоҳияти касб – ин ҳуҷҷатест, ки талаботи меъёрии ҳадди ақалли дониш, маҳорат, малака ва муносибат (яъне салоҳиятҳо), ки барои дараҷаи муайяни тахассуси касбӣ заруранд, муайян мекунад ва шахс онҳоро бояд дар ҷойи кор дар ҳолатҳои стандартӣ ё тағйирёбанда нишон диҳад. Ҳар як кор мумкин аст, аз стандарти муқарраргардида баландтар иҷро карда шавад, дар ҳеҷ сурат на пасттар аз он. Стандарти салоҳият ба корфармо барои муайян намудани мутобиқатии сатҳи тахассуснокӣ ба талаботи истеҳсолот ёрӣ мерасонад ва маҳорати касбии намоишдодаи шахсро эътироф намуда, доимӣ нигоҳ доштани стандарти олии касбии ӯро тасдиқ менамояд.Стандарти салоҳият дар асоси харитаи функсионалие, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони баландихтисос аз вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳо ва корфармоёни соҳавӣ омода ва экспертиза карда шудааст, таҳия карда мешавад. Инчунин, методологияи ТАС тақозо менамояд, ки стандарти салоҳият низ дар ҳамкории зиҷ бо коршиносони соҳавӣ таҳия гардад, то ки функсия ва вазифаҳои меҳнатӣ, алалхусус малакаҳои зарурие, ки дар бозори меҳнат барои амалӣ намудани касби мазкур заруранд, муайян карда шаванд ва ҳамзамон сифати омодасозии кардҳои коргарӣ кафолат дода шавад.Мутобиқи талаботи методологияи ТАС ҳар як стандарти салоҳият аз экспертизаи корфармоён ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ гузаронида шуда, бо возароту идораи дахлдор мувофиқа карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд