Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Ҳафтаи ҷорӣ дар толори тренингии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба кормандони навтаъини маркази номбурда, аз он ҷумла омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ тренинги омӯзишии (ТоТ) гузаронида шуда истодааст. Дар рафти тренинг кормандони марказ оид ба фаъолияти лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, методологияи навовари ТАС, стандарти салоҳиятҳо, нақша ва барномаҳои модулӣ, заминаҳои ҳуқуқии омӯзиш дар асоси салоҳият, муқоисаи методологияи анъанавӣ ва ТАС, сохтори асосии Стандарти салоҳиятҳо, рамзгузорӣ бо дараҷаҳо ва воҳидҳои салоҳият (вазифаҳо), раванди муҳоҷирати аҳолӣ, ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ), нақши танзими ҳуқуқӣ ва молиявӣ дар идоракунии хизматрасонӣ дар самти муҳоҷират омӯзонида мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз омӯзиш устодон дар марказ омӯзиши касбиро аз рӯйи касбҳои устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёгӣ, англисӣ ва русӣ дар доираи касбҳои болозикр тибқи методологияи ТАС ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба курсҳои омӯзишии дар боло зикргардида ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар супоранд. Омӯзиш ройгон буда, давомнокиаш аз ду ҳафта то се моҳро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки 8 ноябри соли ҷорӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид