Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО

Рӯзҳои сипаригардидаи ин ҳафта дар толори тренингии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ва Маркази рушди малкаҳо дар ноҳияи Данғараи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба кормандони навтаъини маркази номбурда, аз он ҷумла омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ тренинги омӯзишии (ТоТ) гузаронида шуда истодааст. Кормандони марказ оид ба фаъолияти лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, методологияи навовари ТАС, стандарти салоҳиятҳо, нақша ва барномаҳои модулӣ, заминаҳои ҳуқуқии омӯзиш дар асоси салоҳият, муқоисаи методологияи анъанавӣ ва ТАС, сохтори асосии Стандарти салоҳиятҳо, рамзгузорӣ бо дараҷаҳо ва воҳидҳои салоҳият (вазифаҳо), раванди муҳоҷирати аҳолӣ, ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ), нақши танзими ҳуқуқӣ ва молиявӣ дар идоракунии хизматрасонӣ дар самти муҳоҷират омӯзонида мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз омӯзиш устодони марказҳо раванди курсҳоро аз рӯйи касбҳои устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, сабзавоткор, коргари коркарди меваю сабзавот, сардори хоҷагии деҳқонии хурд ва инчунин аз худ кардани забонҳои куриёгӣ, англисӣ ва русӣ дар доираи касбҳои болозикр тибқи методологияи ТАС ба роҳ мемонанд.
Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба курсҳои омӯзишии дар боло зикргардида ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ва Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара супоранд. Омӯзиш ройгон буда, давомнокиаш аз ду ҳафта то се моҳро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид