Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комплекси агросаноатӣ ҳамчун бахши воқеии иқтисодиёт яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии халқ боқӣ мемонад.

Тавре, ки маълум аст солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдонҳои кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Бо назардошти афзлият доштани соҳаи кишоварзӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои алоқаманд ба рушди соҳа, ки аз ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ ва соҳа бар меоянд дар оянда пешбинӣ намудани машғулиятҳои навро ба миён меорад Аз ин рӯ, лозим аст, ки дар ин раванд тамоми гурӯҳҳои таснифот дар соҳаи кишоварзӣ бозбинӣ гардида, Номгӯи касбу вазифаҳои ин соҳа таҳрир, ғанӣ ва бозбинӣ карда шавад. Пешбинӣ мегардад, ки дар навбати аввал тибқи тадқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ машғулиятҳои соҳаи кишоварзӣ мавриди омӯзишу таҳлил ва натиҷагирӣ қарор дода шуда, дар ин асос машғулиятҳои соҳаи болозикр дар Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи касбҳо такмил дода мешаванд.

 

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид