Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Хизматрасонӣ ва савдо

            Соҳаи хизматрасонӣ

       Масъалагузории таснифи машғулиятҳо ва зарурати таҳияи СБТМ(ISCO) ҳанӯз соли 1921 дар нахустин Конференсияи байналмилалии оморчиёни меҳнат (минбаъд КБОМ) мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Фаъолият ҷиҳати таҳияи СБТМ соли 1947 дар шашумин КБОМ  идома ёфта, соли 1949 дар конференсияи навбатии КБОМ сохтори он иборат аз 9 гурӯҳи асосӣ пешбинӣ гардид.

       Соли 1952 Ташкилоти байналмилалии меҳнат (минбаъд-ТБМ) Таснифоти байналмилалии машғулиятҳоро барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва машғулият бо шарҳи муфассали  1727 машғулият, ки дар асоси таснифи машғулиятҳои  8 кишварҳои тараққикардаи саноатӣ таҳия гардида буд, нахустин маротиба расман нашр намуд. Ҳамин тариқ  соли 2022 СБТМ 70 солагии ташкилшавии худро қайд менамояд.

            Таснифоти байналмилалии  стандартии машғулиятҳои соли 2008(ISCO-2008)  тафсири нави  Таснифоти байналмилалии стандартии машғулиятҳои соли 1988(ISCO-1988)  буда, онро иваз менамояд.

           Бо мақсади ташаккули сохтори  СБТМ-08 (ISCO-08) машғулиятҳо дар чор сатҳ тасниф (гурӯҳбандӣ) шудаанд. 

            Сатҳи нахуст ва гурӯҳбандии мушаххастарину соддатарину оддитарини машғулиятҳоро гурӯҳҳои ибтидоӣ  номиданд, ки онҳо дар худ новобаста аз сатҳи рушди кишварҳо тамоми машғулиятҳои имрӯз дар ҷаҳон вуҷуддоштаро дар бар гирифта, шумораи онҳо 436 ададро ташкил мекунанд.

           Дар сатҳи дуюм гурӯҳҳои ибтидоӣ, ки 436 ададро ташкил менамоянд, ба 130 гурӯҳҳои хурд, дар сатҳи сеюм   дар навбати худ 130 гурӯҳҳои хурд ба 43 зергурӯҳҳо ва ниҳоят дар  сатҳи чорум 43 зергурӯҳҳо ба 10 гурӯҳҳои асосӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.

           Гурӯҳҳои асосӣ вобаста ба сохтори сиёсию иқтисодии кишварҳо  (роҳбарон, мутахассисони соҳибкасб, мутахассисон-техникҳо), хусусияту афзалиятнокии соҳаҳо (соҳаҳои хизматрасонӣ, кишоварзӣ, саноат) сатҳи тахассус (кормандони бетахассуси машғулиятҳои оддӣ) ташаккул дода шуда, номгузорӣ  гардида, мувофиқан дорои  сатҳи тахассуси 1, 2, 3 ва 4 мебошанд.

Дар сохтори СБТМ-08 (ISCO-08) соҳаи хизматрасонӣ ҳамчун як соҳаи муҳиму пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ пешбинӣ шуда, гурӯҳи асосии 5-уми он чунин ном гирифтааст: “5. Кормандони хизматрасонӣ ва савдо”. Мутобиқи СБТМ-08 (ISCO-08) кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва савдо дорои сатҳи тахассуси 2 буда, он таҳсилоти расмии миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро талаб менамояд ва ба 4 зергурӯҳ,13 гурӯҳи хурд,40 гурӯҳи ибтидоӣ гурӯҳбандӣ шудаанд. Таҳлили мувозинати омории гурӯҳҳои асосӣ нишон медиҳад, ки        соҳаи хизматрасонии кишвар пас аз соҳаи кишварзӣ дар ҷойҳои аввал қарор дорад.

 Аз ин рӯ, дар назар аст, ки ҳангоми бозбинию азнавкунӣ, татбиқу мутобиқгардонии ТМҶТ ва гузашта аз ин ҳангоми таҳияи номгӯи касбҳои ТМҶТ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Бо дарназардошти равандҳои хизматрасонӣ дар ҳамкории густурда бо вазорату идораҳои соҳавӣ, коршиносону мутахассисони таҷрибадор машғулиятҳои ин соҳаи муҳими иқтисодӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода хоҳад шуд. Дар ин раванд инчунин таҷрибаи кишварҳои дигари дуру наздик  омӯзиш ва баррасӣ мегардад.

Соҳаи хизматрасонӣ ва савдо яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, вобаста ба рушди он барои шаҳрвандон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар муқоиса ба соҳаҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ аз сатҳи баланди тараққиёти кишварҳо шаҳодат медиҳад.   Дар натиҷаи рушди босуръати илму техника дар охири асри XX ва аввали асри  ХXI дар соҳаи хизматрасонӣ ва савдо касбу машғулиятҳои нав хеле зиёд шуда, шумораи шаҳрвандони машғули соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Тибқи Стратегияи Миллии  Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2030 шуғли расмӣ дар соҳаи хизматрасонӣ аз 27,6 ба 60 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқисодиёт машғулбуда афзоиш меёбад.

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид