Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Энергетика

Соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқу мутобиқгардонии он бо Таснифоти машғулиятҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси

СБТМ (ISCO-08)

       Масъалагузории таснифи машғулиятҳо ва зарурати таҳияи СБТМ-08 (ISCO-08) ҳанӯз соли 1921 дар нахустин Конференсияи байналмилалии оморчиёни меҳнат (минбаъд КБОМ) мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Фаъолият ҷиҳати таҳияи СБТМ соли 1947 дар шашумин КБОМ  идома ёфта, соли 1949 дар конференсияи навбатии КБОМ сохтори он иборат аз 9 гурӯҳи асосӣ пешбинӣ гардид.

       Соли 1952 Ташкилоти байналмилалии меҳнат (минбаъд-ТБМ) Таснифоти байналмилалии машғулиятҳоро барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва машғулият бо шарҳи муфассали  1727 машғулият, ки дар асоси таснифи машғулиятҳои  8 кишварҳои тараққикардаи саноатӣ таҳия гардида буд, нахустин маротиба расман нашр намуд. Ҳамин тариқ  соли 2022 СБТМ 70 солагии ташкилшавии худро қайд менамояд.

Бо мақсади ташаккули сохтори  СБТМ-08 (ISCO-08) машғулиятҳо дар чор сатҳ тасниф (гурӯҳбандӣ) шудаанд. 

        Сатҳи нахуст ва гурӯҳбандии мушаххастарину соддатарину оддитарини машғулиятҳоро гурӯҳҳои ибтидоӣ  номиданд, ки онҳо дар худ новобаста аз сатҳи рушди кишварҳо тамоми машғулиятҳои имрӯз дар ҷаҳон вуҷуддоштаро дар бар гирифта, шумораи онҳо 436 ададро ташкил мекунанд.

        Дар сатҳи дуюм гурӯҳҳои ибтидоӣ, ки 436 ададро ташкил менамоянд, ба 130 гурӯҳҳои хурд, дар сатҳи сеюм   дар навбати худ 130 гурӯҳҳои хурд ба 43 зергурӯҳҳо ва ниҳоят дар  сатҳи чорум 43 зергурӯҳҳо ба 10 гурӯҳҳои асосӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.

Дар сохтори СБТМ-08 (ISCO-08) соҳаи хизматрасонӣ ҳамчун як соҳаи муҳиму пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ пешбинӣ шуда

               Аз ин рӯ, дар назар аст, ки ҳангоми бозбинию азнавкунӣ, татбиқу мутобиқгардонии ТМҶТ ва гузашта аз ин ҳангоми таҳияи номгӯи касбҳои ТМҶТ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дар натиҷаи рушди босуръати илму техника дар охири асри XX ва аввали асри XI дар соҳаи хизматрасонӣ ва савдо касбу машғулиятҳои нав хеле зиёд шуда, шумораи шаҳрвандони машғули соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфта истодааст

        Соҳаи энергетикӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, вобаста ба рушди он барои шаҳрвандон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар муқоиса ба соҳаҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва зарур арзёби гардидааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст, ки:

 

           Яке аз ҳадафҳои муҳими стратеги ин: Таъмини амнияти энергетикї ва истифодаи самарабахши неруи барқ мебошад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон  бо назардошти талаботи бозори меҳнат» (аз 29 январи соли 2021) дар доираи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ», ки айни замон татбиқ шуда истодааст бозбини ва мутобиқ сохтани машғулиятҳои яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллї – соҳаи энергетика ба шумор меравад, ки мақсад ин ташкил ва ҳамкории зич бо гурўҳҳои кории соҳавии соҳаи энергетика, ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои соҳаи энергетика, гузаронидани таҳқиқотҳои миқдорию сифатӣ ва муайяну пайдо намудани машғулиятҳои нави дар оянда зарурии ин соҳа ба шумор меравад.

Қайд намудан зарур аст, ки дарёфти машғулиятҳо ва номгуи касбҳо дар асоси талаботҳои Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо (ISCO-08) омода мегарданд.

         Хулоса: бо назардошти афзлиятнок будани соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба рушди соҳа, ки аз ҳуҷҷатҳои стратегии миллї ва соҳа бар меоянд дар оянда пешбини намудани машғулиятҳои нав ва дар ояндаи дур ба мақсад мувофиқ буда, зарур мебошад, ки дар ТМҶТ тамоми гурўҳҳои соҳаи энергетика бозбини гардида, Номгўи касбҳои ин соҳа таҳрир ва такмил дода шавад. Дар назар аст, ки дар навбати аввал тибқи таҳқиқотҳои миқдори ва сифатї машғулиятҳои соҳаи энергетика мавриди омузишу таҳлил ва натичагири қарор дода шуда, дар ин асос машғулиятҳои соҳаи мазкур дар ТМҶТ ва НК-ҳо такмил дода мешаванд.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид