Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Алоқа

Соҳаи алоқа яке соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор рафта, вобаста ба рушди он барои шаҳрвандон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон, ки дар раванди босуръати ташаккул қарор дорад, истифодаи Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар равандҳои сиёсии ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор дорад.

Бо назардошти афзалият доштани  соҳаи алоқаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба рушди соҳа, ки аз ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамии соҳа бармеоянд дар оянда пешбинӣ намудани машғулиятҳои нав ба мақсад мувофиқ буда, мебояд, ки дар ин раванд тамоми гурӯҳҳои таснифот дар  соҳаи алоқа дар ТМҶТ бозбинӣ гардида, Номгӯи касбу вазифаҳои ин соҳа таҳриру такмил дода шавад.

Яке аз давраҳои муҳими татбиқи ТМҶТ ин ташаккули заминаи рақамии таснифоти мазкур ва пайвасти он бо порталҳои дигари Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, портали бозори меҳнат, инчунин марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонии муҳоҷирон мебошад.

           Бо ин мақсад ширкати консалтингии ТИК интихоб гардида, он тарҳи рақамии ТМҶТ ва НК ТМҶТ месозад, ки ҳангоми истифодаи он имконияти васеи муайян кардани рамзи машғулиятҳо, шиносоӣ бо машғулиятҳои дилхоҳ, омӯзиши вазифаю уҳдадориҳои гурӯҳҳои машғулиятҳо ва фаъолияти дигари ба таснифот вобаста иҷро мегардад.

           Дар назар аст, ки дар ин  давра қабл аз ҳама СБТМ-08 аз забони англисӣ бевосита ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, дастраси ҷонибҳои дахлдор гардонида мешавад. Шиносоӣ ва омӯзиши СБТМ-08, ки ба забони тоҷикӣ бо сифат тарҷума гардидааст, имконият фароҳам меорад, ки ҷонибҳои дахлдор бо муқаррарот ва қоидаҳои СБТМ-08-ро амиқ дарк  карда, ҳамаҷониба истифода намоянд. Ҳамзамон  тарҳи рақамии СБТМ-08, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст барои истифодаи васеъ  дар портали ТМҶТ гузошта мешавад.

           Дар ҳамкорӣ бо ширкати кироягардидаи ТИК (ёрдамчии роҳбари ширкати ТИК) қадамҳо ҷиҳати ташаккули тарҳи рақамии ТМҶТ ва НК ТМҶТ сохта мешавад.

         Ҳамин тариқ қадамҳои минбаъда ҷиҳати ташаккули низоми миллии тахассусҳо имконият фароҳам меорад, ки фаҳмиши ягона ҷиҳати кадом ё чи гуна дониш, малакаю маҳорат, салоҳиятнокӣ  барои кор аз рӯи касби мушаххас зарур аст, кадом дониш, малакаю маҳорат, салоҳиятнокӣ  барои тахассусҳои расман шинохташуда вориданд ва кадом тахассуҳо дар бозори меҳнат  талабот доранд, мебошад.

Дигар карда гӯем моделе сохта мешавад, ки он барои: баландбардории шаффофияти тахассус, баландбардории сифати хизматрасонӣ дар соҳаи роҳнамои касбӣ мусоидат менамояд.

 Бинобар ин  моро зарур мебошад, ки дар асоси ТМҶТ платформаи рақамӣ барои бозори меҳнат, шабакаи боҳамалоқаманди, стандартикунонидашудаи бисёристифодашавандаи маълумотҳо ташаккул дода шавад. Истифодаи чунин восита шаффофияти касбҳо, тахассусҳо, малакаҳо, салоҳиятҳо ва натиҷаи омӯзишро  афзоиш медиҳад. Ин шаффофият ва низоми умумии фаъолият ба мардум имконият медиҳад, ки новобаста аз низоми электронии истифодакунанда мубодилаи иттилоот намоянд.

          

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид