Нақлиёт
Соҳаи нақлиёт
СБТМ-08 (ISCO) таърихи зиёда аз 70 сола дошта, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва пайвасти бозори меҳнат ба низоми тайёр кардани кадрҳо нақши хос дорад.
Дар воқеъ ISCO барои ташаккул ва рушди бунёдии низоми тайёр кардани кадрҳо дар кишварҳо саҳми хоса дошта, қабул ва татбиқи он дар кишварамон имконият фароҳам меорад, ки пеш аз ҳама мушкилии асосии имрӯза - тайёр кардани кадрҳо тибқи талаботи бозори меҳнат тариқи роҳу усулҳои муосиру инноватсионӣ, ки ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, бозбинӣ ва роҳандозӣ карда шавад.
СБТМ-08 (ISCO) дар асоси нишондиҳандаҳои таҳқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ бо назардошти сатҳи тахассус ва ихтисосмандӣ ташаккул ёфта, сохтори ин стандарт дар давоми даҳсолаҳо таҳриру такмил гардида, он метавонад ҳамчун модел барои таҳияи таснифотҳои миллӣ ё бевосита ҳангоми вуҷуд надоштани таснифоти миллӣ истифода шавад.
Ҳар як кишвар соҳаҳои барои худ афзалиятнок дошта, барои Тоҷикистон соҳаҳои илм, маориф ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон, нақлиёт ва алоқа аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Дар асоси нишондиҳандаҳои таҳқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ бо дарназардошти сатҳи тахассус ва ихтисосмандӣ омӯзишу таҳқиқи соҳаҳои номбурдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ имконият фароҳам меорад, ки машғулиятҳо мушаххас карда шуда, машғулиятҳои барои оянда зарурӣ пешбинӣ карда шаванд.
Нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашаандаи иқтисодиёти он буда, дар пешрафти иқтисодиёт саҳми бағоят калон дорад.
Бо назардошти рушди босуботи соҳаи нақлиёт масъалаҳои ба рушди соҳа алоқаманд, ки аз ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ ва соҳа бармеоянд, масъалаи дар оянда пешбинӣ намудани машғулиятҳои навро ба миён меорад, ки дар натиҷа дар ин раванд тамоми гурӯҳҳои таснифоти марбут ба соҳаи нақлиёт бозбинӣ гардида, номгӯи касбу вазифаҳои ин соҳа таҳрир ва такмил дода мешавад. Пешбинӣ мегардад, ки машғулиятҳои соҳаи болозикр дар Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи касбҳо такмил ва пурра карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд