Соҳаи иҷтимоӣ
Соҳаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СБТМ-08 (ISCO-08) таърихи зиёда аз 70 сола дошта, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва пайвасти бозори меҳнат ба низоми тайёр кардани кадрҳо нақши хос дорад.
Дар воқеъ ISCO-08 барои ташаккул ва рушди бунёдии низоми тайёр кардани кадрҳо дар кишварҳо саҳми хоса дошта, қабул ва татбиқи он дар кишварамон имконият фароҳам меорад, ки пеш аз ҳама мушкилии асосии имрӯза - тайёр кардани кадрҳо тибқи талаботи бозори меҳнат тариқи роҳу усулҳои муосиру инноватсионӣ, ки ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, бозбинӣ ва роҳандозӣ карда шавад.
СБТМ-08 (ISCO-08) дар асоси нишондиҳандаҳои таҳқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ бо дарназардошти сатҳи тахассус ва ихтисосмандӣ ташаккул ёфта, сохтори ин стандарт дар давоми даҳсолаҳо таҳриру такмил гардида, он метавонад ҳамчун модел барои таҳияи таснифотҳои миллӣ ё бевосита ҳангоми вуҷуд надоштани таснифоти миллӣ истифода шавад.
Ҳар як кишвар соҳаҳои барои худ афзалиятнок дошта, барои Тоҷикистон соҳаҳои илм маориф ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон, нақлиёт ва алоқа аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Дар асоси нишондиҳандаҳои таҳқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ бо дарназардошти сатҳи тахассус ва ихтисосмандӣ омӯзишу таҳқиқи соҳаҳои номбурдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ имконият фароҳам меорад, ки машғулиятҳо мушаххас карда шуда, машғулиятҳои барои оянда зарурӣ пешбинӣ карда шаванд.
Соҳаи илму маориф заминаи асосии пешрафти дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба шумор рафта, дуруст тибқи талаботи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисони дорои сатҳи гуногуни тахассус имконият медиҳад, ки рушди минбаъдаи соҳаҳои дигар таъмин карда шавад.
Дар назар аст, ки дар ин соҳа ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ таҳқиқотҳои миқдорӣ ва сифатӣ анҷом дода шуда, номгӯйи касбҳои ин соҳаҳо мушаххасу амиқ карда мешавад. Қобили қайд мебошад, ки 6 гурӯҳи асосии СБТМ-08 (ISCO-08) дорои сатҳи тахассуси 2 буда, он таҳсилоти расмии миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро талаб менамояд. Нахустин сарчашмаи номутобиқатии тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи СБТМ-08 (ISCO-08) он мебошад, ки мутахассисони сатҳи тахассуси 3 ва 4 дар муқоиса ба сатҳи тахассуси 2 дар кишварамон бештар тайёр карда мешаванд. Кишварҳое, ки ин мушкилиҳоро бартараф намуда, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ҳамчун сатҳи пешбарандаи равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ донистаанд ва тавонистаанд, ки аксарияти ҷавононро ба ин сатҳи таҳсилот ҷалб намоянд ва гузашта аз ин ба сатҳи баланди сифати таълиму тарбия дар ин зинаи таҳсилот дастрас шудаанд, инчунин ҷавононро дар ин зинаи таҳсилот ҳавасманд кардаанд, рушди саноатии кишварҳояшонро ба сатҳи зарурӣ баланд намудаанд. Ба ин гуна кишварҳо пеш аз ҳама Япония, Сингапур, Финландия ва албатта ҳамаи кишварҳои тараққикардаи дигари ҷаҳон шомиланд. Дар назар аст, ки роҳи ҳалли ин ва мушкилиҳои дигари тибқи талаботи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон дар раванди татбиқи ТМҶТ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода мешавад.
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/TEJUh9jQgLrWywHxxhIiSFGcrHAqx1BuEbAFl9Wi.jpeg)
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/gjLd10ar2sMJd6BC4PdM4Jf4tajQiyvnO24VbFPe.jpeg)
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/5JcHfSx2HnHrkHFdHolo1AR5xsTkELJOSOfT1due.png)
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/JNcghAJtS0Exk5El91PU99joW48fpKJNLGpGx92M.png)
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд