Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

Сайёҳӣ

Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Аз ин рў, танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шудааст..

Тибқи дурнамоҳо соҳаи сайёҳӣ дар ояндаи наздик ба яке аз соҳаҳои муносиб барои ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди кишвар табдил мегардад, зеро Тоҷикистон дорои заминаҳои бузурги сайёҳӣ мебошад.  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақши он дар рушди соҳа дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои дахлдор муҳим арзёбӣ мегардад. Воқеияти мазкурро таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар кишвар 290 ташкилоти сайёҳӣ дар самти хизматрасонӣ дар соҳаи туризм фаъолият мекунанд. Ба сайёҳон дар кишвар 182 меҳмонхонаҳо, 30 марказҳои истироҳатӣ ва солимгардонӣ  ва фароғатии тиббӣ ва 4 пойгоҳҳои сайёҳӣ хизмат  мерасонанд.

 Дар Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ  шумораи зарурии гурӯҳҳои асосӣ, зергурӯҳҳо, гурӯҳҳои хурд, гурӯщҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудаанд, ки онҳо тамоми  машғулиятҳои соҳаи мазкурро фаро мегиранд. Масъалаи дигар тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ буда, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки тамоми стандарт ва барномаҳои фарогири таҳсилоти касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат бо дарназардошти Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид