Сохтмон
СОҲАИ СОХТМОН
Бо мақсади рушди иқтисодӣ ва таъмини устувории иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон зарурати бозбинии тасаввуротҳои одатшуда дар бораи тахассусҳо ва методикаи тарҳсозии онҳо дарк гардида, вазифаҳои модернизатсия (азнавсози)-и тахассусҳо ба миён гузошта шуданд. Кишварҳо таснифоти машғулиятҳоро бо мақсади рушди нақши тахассусҳо, ҳамчун воситаи таъмини тавозуни талабот ва пешниҳодот ва беҳтаршавии сифат ва шаффофияти тахассусҳо татбиқ менамоянд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳо таснифоти машғулиятҳо ҳамчун як воситаи калидии таъмини тавозуни талабот ва пешниҳодоти тахассус ва боло бурдани сифат ва шаффофнокии тахассусҳо татбиқ мегарданд. Таснифоти машғулиятҳо худ як механизми тасниф ва мавқегузории тахассусҳо аз рӯи сатҳ мутобиқи маҷмуи меъёрҳо, ки талабот барои иҷрои функсияҳои меҳнатиро тавсиф менамояд, мебошад. Мафҳуми калидӣ дар ин маврид тахассус буда, он маънои дар шахс расман тасдиқ/шинохта шудани салоҳият, ё расидан ба натиҷаҳои омӯзиш, ки ба талаботи иҷрои функсияҳои меҳнатӣ дар доираи намуди мушаххаси фаъолияти касбӣ мутобиқ мебошад, дорад. Вазифаҳои таснифи машғулиятҳо маънои васеъро доро буда, он маънои тамоюл ва бозтамоюлшавии низоми мавҷудаи тахассусҳо ба талаботро дошта, дар навбати худ муҳтавои афзалияти манфиати корхона ва кормандонро дорад на муассисаҳои таълимӣ.
Истифодаи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-ТМҶТ) барои ҷонибҳои дахлдор манфиатҳои мушаххасро доро мебошад, аз ҷумла: барои корфармоён - ТМҶТ ин индикаторҳои боваринок барои дарки сатҳи салоҳиятнокии кормандон, воситаи муайянкунии норасоӣ дар тахассусҳо ва талабот дар омӯзиш; барои кормандон - ТМҶТ ин имконияти банақшагирии омӯзиши шахсӣ ва аз рӯи вазифа соҳибмансаб шудан (пешбинии вазифаҳои навбатӣ), воситаи муайянкунии тахассусҳои талабшаванда ва роҳи ба даст овардани тахассуси ҷӯянда (пешбинишуда), индикаторҳои зарурии тахассус, афзоиши эҳтимолияти имконияти бокортаъминшавӣ, рушди вазифавӣ; барои шахсони ҷавобгӯи таҳияи сиёсат дар соҳаи таҳсилот ва омӯзиш- ТМҶТ ин маълумот барои ташаккули самтҳои минбаъдаи рушди низоми таҳсилоти касбӣ; барои муассисаҳои таълимӣ- ТМҶТ ин иттилоот оид ба тахассусҳои расман шинохташуда, усулҳои ҳамкорӣ ва алоқа бо корфармоён, ки дар асоси он метавонанд, мақсадҳои барномаҳо ва методҳои баҳодиҳиро аниқ тарҳрезӣ намоянд.
Гуфтан мумкин аст, ки тахассусҳо моделҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки онҳо байни ҷонибҳои гуногун: вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорати маориф ва илм, шарикони иҷтимоӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, хадамоти шуғл, таҳқиқгарон, мақомоти арзёбии тахассусҳо мувофиқа мегарданд.
Дар Стратегия миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи сенарияи индустралию инноватсионӣ вазни ќиёсии соҳаи сохтмон дар сохтори ММД аз рӯи панҷсолаҳо дар сенарияи мазкур тадриҷан аз 16-16,5 фоиз (солҳои 2016-2020) то 18-18,5 фоиз (солҳои 2021-2025) афзоиш ёфта, ба сатҳи 19,2-20,2 фоиз дар соли 2030 мерасад.
Дар Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коргарони соҳаи сохтмон дар гурӯҳи асосии 7 Коргарони саноат, сохтмон, нақлиёт ва машѓулиятҳои ҳаммонанд, ҷой дода шуда, вобаста ба сатҳи тахассус кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию техникии соҳаи сохтмон мувофиқан дар гурӯҳҳои асосии 1-3 ҷойгир гардидаанд.
Дар Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сохтмон вобаста ба равандҳои истеҳсолӣ дар доираи Таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ тарҳрезӣ гардида, бо дарназардошти афзалиятнокии соҳаи мазкур машғулиятҳо дар сатҳи гурӯҳҳои ибтидоӣ, хурд, зергурӯҳ ва асосӣ тасниф гардидаанд. Ҳамзамон вобаста ба сатҳи тахассус кормандони ин соҳа дар чор сатҳи тахассус тақсим гардидаанд.
Дар Таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодии кишвар соҳаи сохтмон чунин гурӯҳбандӣ шудаанд:
- Сохтмони биноҳо;
- Таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ;
- Сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ;
- Сохтмони объектҳои шаҳрвандӣ ва ғайра
Қобили қайд мебошад, ки ҳангоми таҳияи ТМҶТ ҳамаи гурӯҳҳои дар Таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ пешбинӣ гардида ба инобат гирифта шудааст.
Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ рақамикунонии идоракунии шаҳрии «Шаҳри ҳушманд» пешбинӣ гардидаааст, ки он дар оянда сохтмони биноҳои зеҳниро дар назар дорад. Ташаббуси Smart City («Шаҳри ҳушманд») фароҳам овардани шароит барои сохтани шаҳрҳои барои шаҳрвандон бароҳат аз ҳисоби такмили инфрасохтори онҳо мебошад.
Самти стратегӣ таъсиси ҳудуди шаҳригардонидашуда мебошад, ки дар он захираҳои хадамоти шаҳрӣ ва ташаббусҳои фардӣ барои таъмини рушди устувори шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва сайёҳон тавассути технологияҳои ҷоришаванда ва таҳлили иттилоот дар реҷаи вақти воқеӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳангоми ташаккули номгӯи машғулиятҳои ТМҶТ ва пешбинӣ кардани машғулияҳо барои оянда ҳамаи ҳуҷҷатҳои ояндаро пешбиникунанда, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Ҳасанзода Гулнора Кенҷа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд