Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢОИД БА АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАИ “БЕҲТАРСОЗИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БОКОРТАЪМИНШАВӢ”-И НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 8 декабри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи байнидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон ва бо иштироки муовинони вазорату идораҳои дахлдор, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муаррифии умумии лоиҳа аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин пешниҳод карда шуд. Инчунин рӯнамои Менеҷери лоиҳа Сафаров Далер вобаста ба мазмун, мундариҷа ва рафти татбиқи шунида шуд. Вобаста ба муаррифиҳои пешниҳодгардида муҳокимаронӣ сурат гирифта, аз ҷониби аъзои Кумита як қатор таклифу пешниҳодот манзур гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоён нақшаи кории Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравиро барои нимсолаи аввали соли 2022 мавриди муҳокима қарор дода шуда, пешниҳоду иловаҳо манзур гардиданд. Аз ҷониби Раиси кумита -  муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи кор ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани малакаҳои касбии ҷавонон, занон ва муҳоҷирон  равона гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид