Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ “МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ БА САЛОҲИЯТ АСОСЁФТА БАРОИ ТАҲИЯГАРОНИ МОДУЛҲОИ ОМӮЗИШӢ”

Рӯзи 4 март дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” тренинг дар мавзӯи “Методикаи таълими ба салоҳият асосёфта” барои таҳиягарони маводҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар рафти тренинги мазкур аз ҷониби мутахассисони Лоиҳа мафҳумҳои таълим дар асоси салоҳият, тартиби таҳияи харитаҳои касбӣ бо усули DACUM, Таснифоти миллии машғулиятҳо, шиносоӣ бо Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо (ISCO-08) ва таҷрибаи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” вобаста ба методологияи таълим дар асоси салоҳият муаррифӣ гардиданд.

Дар асоси маълумоти бадастоварда, таҳиягарон раванди таҳияи барномаҳои таълимиро аз рӯйи касбҳои интихобгардида дар се бахши афзалиятнок шурӯъ намуда, дар қадами аввал тавассути ташкили таҳлили функсионалии касбҳо бо иштироки коршиносони соҳа харитаҳои функсионалиро таҳия мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки раванди мазкур зиёда аз як сол идома ёфта, дар натиҷаи он барномаҳои таълимии модулии 14 касб таҳия мегарданд, ки аз рӯйи онҳо дар Марказҳои рушди малакаҳо курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид