Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ҶАЛАСАИ 6-УМИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ

20 июли соли 2024 дар бинои Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун ҷаласаи 6-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз рафти татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ” ба ҳозирин гузориш манзур намуданд. Тавре аз баромади менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер Хайриддинович маълум гардид, Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд расман ифтитоҳ гардидаанд.
Инчунин қайд карда шуд, ки айни замон раванди таҳвили ҷиҳозу таҷҳизот ва муҷаҳҳазгардонии дигар марказҳои лоиҳа ҷараён доранд.
Бояд тазаккур дод, ки аъзоёни кумита дар навбати худ хулосаву пешниҳоди мубрамро вобаста ба кори марказҳои сохтаистодашуда, марҳилаҳои ҷалби баҳрагирандагон баён намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт иброз доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид