Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ КАСОБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Рӯзҳои 28-30 августи соли 2024  дар толори тренингии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанди лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”  ба кормандони навтаъини маркази номбурда, аз он ҷумла омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ тренинги омӯзишии (ТоТ) 3 рӯза доир гардид. Дар рафти тренинг кормандони марказ оид ба фаъолияти лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, методологияи навовари ТАС, стандарти салоҳиятҳо, нақша ва барномаҳои модулӣ, заминаҳои ҳуқуқии омӯзиш дар асоси салоҳият, муқоисаи методологияи анъанавӣ ва ТАС, сохтори асосии Стандарти салоҳиятҳо, рамзгузорӣ бо дараҷаҳо ва воҳидҳои салоҳият (вазифаҳо), раванди муҳоҷирати аҳолӣ, ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ), нақши танзими ҳуқуқӣ ва молиявӣ дар идоракунии хизматрасонӣ дар самти муҳоҷират омӯзонида мешаванд.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз омӯзиш устодон дар марказ омӯзиши касбиро аз рӯйи касбҳои устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёгӣ, англисӣ ва русӣ тибқи методологияи ТАС ба роҳ мемонанд.

         Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки хоҳишмандон метавонанд то 12 сенябр ҳуҷҷатҳояшонро ба курсҳои омӯзишии дар боло зикргардида ба Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд супоранд. Омӯзиш ройгон буда, давомнокиаш аз ду ҳафта то се моҳро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки 11 апрели соли ҷорӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид