Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАШРИФИ ГУРӮҲИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ БОР

3 октябри соли 2024 гурӯҳи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаҳои татбиқшаванда аз Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркотаъминшавӣ” бо маблағгузории бонки мазкур бунёд гардидааст,  боздид намуданд.

Ҳамзамон, менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркотаъминшавӣ” Сафаров Д. меҳмононро бо  устохонаҳои таълимии касбҳои “Барқчӣ”, “Кафшергари газию барқӣ”, “Челонгар-техники санитарӣ”, “Нерӯи офтобӣ”, “Андовачӣ” ва  синфхонаҳои забономӯзӣ шинос намуданд.

Зимни ташриф шӯро аз шарту шароити маркази тозабунёд, таҷҳизот ва синфхонаҳои таълимиву амалӣ дидан намуда, қаноатмандии хешро доир ба сатҳи сифати корҳои иҷрошуда ва шароити муҳайёгардида иброз намуданд.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид