Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ

   Аз 22 октябри соли 2024 дар маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара тренинги омӯзишии 4-рӯза “Оид ба истифодаи маълумот барои таҳлил ва ҳисоботдиҳӣ дар бораи бозори меҳнат, системаи қабули қарорҳо дар асоси махзани маълумот, фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” барои кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Маркази таълими калонсолон баргузор шуда истодааст.

 Дар кори тренинги мазкур мутахассисони лоиҳа ба иштирокчиён мавзӯҳои зеринро рӯнамоӣ намуданд:  манбаҳои иттилоот дар бозори меҳнат ва миёнаравӣ дар бозори меҳнат, таҳлили бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири равандҳои муҳоҷират ба бозори меҳнат, татбиқи методологияи ТАС вобаста ба ҳар як касб (ихтисос), маҳзанҳои иттилоотии мавҷуда дар бозори меҳнат, тартиби  гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи бозори меҳнат ва ғайра.

 Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таҷрибаи кори кормандони низоми вазорат дар пешбурди фаъолияти марказҳо, алалхусус ба роҳ мондани курсҳои омӯзишӣ бо низоми нав ногузир аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид